29 September 2009

Шеваҳои нави издивоҷ, суд ва зиёни онҳо

Ҳарчанд дар чомеаи падарсолори Точикистон анъанаву суннатҳои қадимии издивоҷ побарҷост, аммо шакл ва шеваҳои гуногуни он дар ҳоли ҷойгирӣ мебошанд.

Яке аз роҳҳои нави издивоҷ, ки акнун кам - кам мавқеи худро дар ҷомеаи тоҷик мустаҳкам мекунад ва занону духтарон ҳам бе ҳеҷ дудилагӣ ва ё тарсе ба сӯ он бардам қадам мегузоранд, ба хориҷиён ба шавҳар баромадан аст.

Сарнагунии Шуравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, кушода шудани сарҳадҳо, бесарусамонӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ворид шудани озодиҳои бештар, боиси пайдоиши чунин услуби заношуӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ва имрӯз сафи занон ва духтароне, ки чунин шеваи заношӯиро ихтиёр мекунанд, афзоиш меёбад ва касе ҳам наметавонад онҳоро сарзаниш кунад. Чун далелу баҳонаҳо доранд ва хешро ҳақ медонанд.

Ба гуфтаи ҷонишини шӯъбаи ақди никоҳи вилояти Суғд Муқаддама Ҳошимова танҳо дар 7 моҳи соли равон дар ноҳияи Спитамени ин вилоят 37 нафар ба мардони хориҷй ақди никоҳ кардаанд. Дар сартосари вилояти Суғд дар 7 моҳи соли ҷорӣ 196 кас ба хориҷиён расидаанд, яъне шӯи хориҷӣ кардаанд.

Нахуст, агар занону духтарони тоҷик ба мардони бегонаи даруни кишвар мерасиданд, рафта - рафта ин шева дигаргун мешавад, ҳоло онҳо метавонанд, мардҳои хориҷиро аз рӯи хости дилашон интихоб кунанд ва ба шавҳар бароянд.

Ин имкониятро ба онҳо саҳифаҳоии интернетии ошноӣ ва чат, ки ҳоло шумораашон дар Тоҷикистон ба беш аз 25 адад расидааст ва намояндагиҳои чунин ширкатҳо дар дохили кишвар, фароҳам овардаанд. Занону духтарон метавонанд бо истифода аз хизматрасонии ин саҳифаҳо ва намояндагии онҳо ба худ номзад ва ё шавҳар ёбанд.

Аммо чунин шеваи издивоҷ дуруст ва кор бурдан аз хизмати сайтҳои ошноии интернетӣ ва намояндагии онҳо дар кишвар ба нафъи кор аст?

Шояд, барои пуркардани ҷои мардоне ки дар чанги шаҳрвандӣ шумораашон коҳиш ёфтааст кӯмак расонад. Ба бонувоне ки сарашон банди кору мақом (карера) монду дар вақташ шӯ накарданд, ё ба ҷавонону духтароне, ки дар кишварҳои Ғарбӣ зиндагӣ ва таҳсил мекунанд барои ёфтани ҳамсафари ҳаётӣ ва ё нимаи хеш, ёрие расонад.

Аммо ба ақидаи дугонаҳо ва дӯстони ман ки берун аз меҳан зиндагӣ доранд ва ҳам чанд нафарашон шавҳарони бегона кардаанд, чунин тарзи издивоҷ касеро хушбахт нахоҳад кард. Муқаддама Ҳошимова ҷонишини шӯъбаи ақди никоҳи вилояти Суғд низ ба ин андеша аст.

Аз гузориши Муқаддама Ҳошимова бармеояд, ки ин намуди издивоҷ асари манфӣ дошта, нияти бархе аз кормандони чунин шабакаҳои хизматрасонӣ нек нест. Рафтор ва амали онҳо ғаразомез аст.

Муқаддама мегӯяд, "ба вижа шумораи зиёди афроде, ки бо созмонҳои хориҷии издивоҷи занон ҳамкорӣ мекунанд ва аз он созмонҳо даромад мегиранд ба занон барои зуд ба даст овардани шаҳрвандии Туркия ёрӣ мерасонанд. Агар дар вақташ чораҳои зарурӣ андешида нашаванд теъдоди чунин ҳодисаҳо ба садҳо ҳазор хоҳад расид ва ин ба сохтори аҳолии кишвар таъсир мерасонад ва умеди интихобро аз байн мебарад, ҳол он ки аз таҳдидҳо ба анъанаҳои ахлоқии маҳаллӣ ва зиндагии хонаводагӣ ҳам ҷои гап нест."

Дар омади гап бояд бигӯям, ки ахиран нуфузи Туркия дар шимоли кишвар, ба вижа дар шаҳри Хуҷанд афзудааст. Мақсад ва нишони ин нуфузгароӣ чист ба ҳама аён аст ва ҳоҷат ба баён нест. Аммо ин нуфузгароӣ бояд боиси дилхавотирӣ бошад.

Дар мавриди шеваҳои нави заношӯӣ гуфтаниам, ки имрӯз дар Тоҷикистон озодиҳои бештаре мавҷуданд барои дунбол кардани достонҳои ишқу ошиқӣ, аммо бояд фаромӯш накард, ки ҳар озодӣ бо хатаре меояд.

Бархе шояд хоҳанд гуфт, ки ишқу издивоҷ кори хусусист ва агар духтарони мо ба хориҷиҳо мерасанд, аз рӯи ишқ аст. Вале ҳомиёни чунин ақида оё ҳайрон намешаванд, ин чӣ хел ишқ будааст, ки бо зиёд шудани хитоиҳо дар ин ё он минтақаи кишвар издивоҷ бо хитоиҳо яку якбора зиёд шуда меравад? Ё вақте уйғурҳо бозорҳои чаканаи ин ё он ноҳияро, ки зери даст карданд, якбора никоҳи духтарони он маҳал бо уйғурҳо ба маротиб афзун гашт? Баъзе духтарон ҳанӯз шавҳари ояндаи худро вонахӯрда мегӯянд, ки мехоҳанд, бо ягон хориҷӣ издивоҷ кунанд. Куҷои ин ишқ аст?

Набудани тасаллут ба нафс ва таъсири ҷомеае, ки арзишҳои ахлоқиаш дар ҳоли заволанд, як бӯҳрони амиқи нангу номусро ба миён оварда, ба женетикаи наслҳои оянда таҳдид мекунад. Интихоби ғалат ва нестии ишқи ҳақиқй боиси захмҳои отифӣ ва зода шудани фарзандони бидуни меҳр ва набудани тафоҳуму азҳампошии хонавода аст. Пайванди бомуҳаббати ду нафар дар рушд ва нигоҳдоштани наслҳои ояндаи як хонавода ва миллат саҳмгузоранд.

03 September 2009

Бояд омӯхт, то дар дарёи зиндагӣ ғарқ нашуд

Чанде пеш дар нишасте будам ва ҳангоми гуфтугую пурсишу посухҳо шармгинона ҳарф мезадам. Дугонаам Роберта, як зани мушаддади амеркоӣ мегуфт, чаро шумо бонувони тоҷик, ҳарчанд солҳои дароз дар Ғарб зиндаги мекунед, ҳангоми ҳарф задан ва ё сари гуфтаи худ пофишори кардан, шарм медореду хоксоред. Бовар кун ба ин рафтори фурӯтанона ба ҷое нахоҳед расид. Ман ба ту машварат медиҳам, ки гуфтаҳои Урсула Нуберро омӯзӣ, хеле ҳам ба дардат мехӯранд.

Ман андӯхтам ва ҳоло ба шумо ҳам тавсия медиҳам.

Урсула Нубер, равоншиноси олмонӣ ин вижагиҳоро барои занони сахту нирӯманд раво донистааст ва мегӯяд, агар занон хоҳанд комёб бошанд, бояд ин хусусиятҳоро омӯзанд.

Агар корнома ва саргузашти занони муваффақро варақ занем ва ё пажӯҳиш кунем, бовар хоҳем кард, ки даъвоҳои ӯ пурра дурустанд.

Хуб, ӯ чй пешниҳод мекунад? Якум бо худ ғурур кардан ва худхоҳ будан . Дувум, ҳақиқатеро пазируфтан, ки на ҳама меписанданд ва "не" гуфтанро омӯхтан. Сеюм, ба худ бо сабру тоқат будан ва мусолиҳа намудан.

Чорум, маъюс нашудан ва азоби виҷдон накашидан, аз коре ки дар андешааш будӣ ва натавонистӣ ба ҷо расонӣ. Беҳтараш андеша нек соз: "Ман кореро мекунам, ки дӯсташ дорам".

Панҷум, бозичаи дасти дигарон нашав. Шашум, ҳама чизро ба худ (ба шахсияти худ, ба ҳисоби худ) нагир. Назорати сахти даруниро бояд ба некӣ кор бурд, яъне ба чизҳо мусбат нигоҳ кард.

Ҳафтум, баён кардани андешаҳои хеш ва дифоъ намудан аз онҳоро бояд омӯхт. Ҳаштум, якбора ва барои ҳамеша бо афту андоми хеш созиш баст.

Ва нуҳум, аз барору комёбиҳо лаззат бурда тавонистан, бе нигоҳ ба ақиб ва тарс аз рӯзи оянда.

Пешниҳод ва қоидаҳои хуб ва пазируфтанӣ. Бархе аз он хосиятҳоро, ки на ба фоидаи кору зиндагист, дорем. Ба монанди, ба худ бо сабру тоқат будан ва мусолиҳа кардан, якбора ва барои ҳамеша бо афту андоми хеш созиш бастан, ҳақиқатпазир будан.

Аммо...! Аз бархи дигари ин вижагиҳо бараксашро соҳибем. Наметавонем ба худ фахр намоем ва худхоҳ бошем. Ҳақиқатпазир ҳастем, аммо касе хоҳише кунад, наметавонем "не" гӯем, ҳатто агар бар зарарамон ҳам бошад.

Босабру пуртоқатем ва пурбардор, ҳатто агар "аз сар занаду аз пой гузарад", лаб фурӯ бастаем. Азоб мекашем, ғамгин мешавем, агар ваъдаи худро ба ҷо наоварем. Бозичаи дасти дигаронем. Ҳама чизро ба худ (ба шахсияти худ, ба ҳисоби худ) мегирем. Ба чизҳои давру бар наметавонем, мусбат чашм андозем.

Аз баёни андешаи хеш метарсем ва фикри худро дифоъ кардан наметавонем. Доимо ба гузашта нигоҳ мекунем, нигарони оянда ҳастем ва аз лаҳзаҳои хушу хурсанди зиндагӣ, ба андозаи даркорӣ наметавонем ҳаловат бурд.

Ва ин хусусиятҳои манфиро на танҳо мо занон дорем, ҳатто мардони мо низ аз ин сифатҳои орӣ нестанд.

Ба гумонам, аз худ кардани ин вижагиҳо ба мо душвор аст. Зеро, тамоми умр моро бо панду андарзҳои ниёгонамон ба хоксорию фурӯтанӣ, худдорию аз худ даргузаштан, бо ҳаё сухан гуфтан дар баробари дигарон, эҳтиром ба калонсолон, мансабдорон, меҳмонон ва ношиносон фаро хондаанд. Ва ин ба гуфте, як комплекс шудааст, ки аз он берун шуданд кори муҳолест.

Аммо, агар мо хоҳем ки дар зиндаги як фарди муваффақ, пешрафта, соҳибҳуқуқ ва комил бошем, бояд худро маҷбур кунем, ин хусусиятҳоро омӯзем, ёд гирем, дар андешаи хеш ғунҷонем, то дар баробари ноҳаққиҳо ва сарзанишҳои рӯзгору одамонаш бо ғурур истем, худсар, худхоҳ бошем, то тавонем ҳаққу ҳуқуқи худро ситонем. Чун давру замон инро дархост мекунад. Агар наомӯхтем дар дарёи зиндагӣ ғарқ хоҳем шуд.

Бо худ ғурур кардан ва худхоҳ будан. Ин хоси мо нест. Мо ҳамеша хоксору худфидо дар назди дигарон ҳастем ва махсусан дар назди бегонагон. Ҳатто агар касе дар рубаруи мо истода аз мо чандин баробар дар донишу хирад ва хулқу атвор паст бошад ҳам, мо наметавонем ҳатто дар баробари ӯ мағруру худхоҳ бошем. Чун фарҳанги мо чунин иҷозате ба мо намедиҳад. Моро ҳамеша фурӯтанӣ, худфидоӣ, хоксорӣ омӯзондаанд.

Дугонаам Берта мегӯяд, ғалат омӯзондаанд.