30 August 2009

Модарон дигар қаҳрамон намешаванд


Дар Тоҷикистон дар ним соли гузашта 31 зан ҳангоми зоидан фавтидаанд. Онҳо мехостанд, ҳаёт ба дунё оварданд ва барои ин худ ба марг печиданд. Аз кӯдаконе, ки таваллуд шудаанд 1482 кӯдак яксола нашуда, аз олам чашм пушидаанд. Чаро?

Сабаби зиёд будани маргумири кӯдак ва модарро дар Тоҷикистон ҳаргуна шарҳ медиҳанд. Биёед, бо ҳам нигоҳе кунем.

1. КАМБУДИ КУМАКИ ТИББЙ

Набудани муоинаи дуруст, доруву дармон ва дастгоҳҳои зарурии табобатӣ. Кам будани пизишкон ва момодояҳои ҳирфаӣ. Дур будани маҳалҳои аҳолинишин аз дармонгоҳҳо, набудани духтурон ва момодояҳо, мошинҳои ёрии фаврӣ дар ноҳияҳои дурдаст.

Ба гуфтаи чонишини шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдак ва рушди оилаи Вазорати тандурустии Точикистон Шерали Раҳматуллоев 18 дарсади занон аз хунрезии пас аз таваллуд мемиранд ва 34 дарсадашон аз бемориҳои новобаста ба обистанй ва таваллуд.

2. АЙБИ ХУДИ ЗАНОН

Баъзе аз коршиносон худи занонро сабабгори марги онҳо медонанд. Мегӯянд, бонувон вақте ҳомила ҳастанд, ба марказҳои тандурустӣ муроҷиат намекунанд ва зери назари табибон нестанд.

Занон ҳангоми бордорӣ ба чандин беморӣ мубтало мешаванд, вале табибон бехабар. Вақте зоидан мерасад пизишкон дар начоти чунин занон ва фарзандони онҳо оҷиз мемонанд.

3. МАБЛАҒ

Бозрасии пизишкӣ пули калоне дархост мекунад, ки шаҳрвандони оди надоранд.

Агар худо накунад, бемор шаведу гузоратон ба дармонгоҳ ғалтад ба ҳамаи чиз пардохт мекунед, аз рахти хоб сар кард то озмоишҳо, хизмати пизишкон, парасторон, таъмири шифохона ва ғайраҳо... ва ин чизҳо боис мешавад, ки занон аз пизишкон ва озмоишҳои табобати гурезанд ва дар хона зоянд.

Ва бисёри занон аз тарси харчи зиёд ва ё надоштани пул дар хона мезоянд, ки боиси ҳалокати худ ва кудакашон мешаванд.

4. ВАЗЪИ ИҶТИМОЙ

Сабаби асосии нишондодҳои баланди марги модарон ва кӯдакон сатҳи пасти саломатии занон аст, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии оила вобастагӣ дорад.

Занон гуруснагӣ мекашанд, ҳол он ки занони ҳомила бояд маҳсулоти пуркалорӣ -- гушт, тухм, шир ва ҳаргуна меваю сабзавот хуранд, то витаминҳои даркориро барои хеш ва рушди кудаки батнашон омода кунад, аммо имконияти одии хурдан дар хонаводаҳо нест. Аз ин рӯ кудакони вазнашон норасо ба дунё меоянд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 758 навзоди вазнаш норасо ба қайд гирифта шудааст. Вазни ҳар кудак аз 500 то 999 грамм, аз ин 402 кӯдак зинда таваллуд шуда, 356-тоаш мурда. Аз кӯдакони зинда таваллуд шуда ҳамагӣ 51 навзод дар қайди ҳаёт монданд. 40 дарсади кӯдакон аз хурдани ғизои носолим ва бештарашон аз бемориҳои сирояткунанда аз дунё чашм мепушанд.

5. БЕКАСӢ ВА БЕСОХИБЙ

Ҳоли ҳозир дар Точикистон ҳам кори хона ва ҳам кори саҳро ба души занон аст. Чун мардон барои ёфтани қути лоямут ба кишварҳои беруна рафтаанд.

Назкдик ба 70 дарсади бонувони ҳомила гирифтори ин ва ё он бемори ҳастанд, афсус, дар гирди зани ҳомила на ҳамеша одамоне ёфт мешаванд, ки тавонанд ба у ғамхори кунанд. Барои занон оромӣ ва фазои нарми руҳӣ ва нигоҳубин дар ҳангоми обистанӣ ё ҳомиладорӣ лозим аст, ки занон аз ин чизҳо маҳруманд.

6. АБОРТ (ФИГОНА, СИҚТИ ҶАНИН)

Дар Точикистон аз рӯи маълумоти расмӣ ҳарсола 20 ҳазор зан фигона мекунанд. Онҳо намехоҳанд, фарзанд ба дунё оранд, зеро аз сахтиҳои зиндагии имрузаи худ меҳаросанд.

Ҷарроҳии онҳо на ҳамеша дар фазо ва шароити муносиб ҷараён мегиранд. Ба замми ҳамаи ин боз худи пизишкон, аз саҳлангорӣ ва ё надонистани кори худ ба ҳангоми фигона сабаби марги занон мешаванд .

Худи як ҳодиса, ки бонуи тоҷик Файзигул Шариповаро обистан гуфта, ҷарроҳӣ кардаанду аммо вай ҳомила набудааст ва дар натиҷаи ҷарроҳй вай ба маъюб табдил ёфт, нишондиҳандаи сатҳи дониш ва муносибати пизишкон ба модарон аст.

Омори расмие ки ба мо гуяд чи қадари аз ин фигона ва ё сақти чанин номуваффақ ба анчом мерасад, нест. Ҳамчунин номаълум аст, ки бо сабаби надоштани пул чӣ теъдод аз занон кӯшиш мекунанд, пинҳонӣ дар назди афроди номутахассис аз ҳамли нохоҳам раҳо ёбанд.

20 СОЛ ПЕШ ЧЙ ГУНА БУД?

Пас аз ин ҳама ҳасрати даврони шуравӣ мехурам.
Ҳарчанд он рӯзгорон барои бонувони точик- модаронамон он қадар даврони хубу гулгулшукуфоне набуд, ба ҳар ҳол осоиш ва некӯаҳволие дошт, ки дар ин 14 соли истиқлолият гушаеро аз он барои бонувони мо натавонистанд, муҳайё кунанд.

Осоише, ки давлат ва назму низом вучуд дошт, сериву пуррӣ ва зиндагӣ ором буд, шавҳаронашон се чор зан надоштанд ва дар муҳоҷирати кори ҳам набуданд, оила сардори ғамхору парастор дошт ва фарзандон пушту паноҳ, яъне падар доштанд.

Баъдан ҳам занон аз имтиёзи зиёде бархурдор буданд, махсусан дар ба бор овардани кудакон ва рушди онҳо.

Зани ҳомилае ки кор мекард пас аз ҳафтмоҳагӣ ба рухсати мерафт ва баъд аз таваллуди кудак музди маоши думоҳааш пардохта мешуд ва то яксолагии кудакаш аз кор озод ва ба нигоҳубини кудакаш машғул буд.

Ёрдами тибби ройгон мегирифт ва худ ва кудакаш зери назари пизишк ва парастор буданд. Ба хонаводаҳои серфарзанд ба ҳар сари кӯдак пули иловагӣ дода мешуд ва маргу мири модару кӯдак ҳам андаке буд.

МОДАР ДИГАР ҚАҲРАМОН НЕСТ

Чи гуна натавонам ҳасрати рӯзгори пеш нахурам. Чун дар ун рузгор занон, модарони мо ба ҳар ҳол андаке ҳам бошад аз осоиш, оромӣ ва эҳтиром бархурдор буданд ва ташвиқ мешуданд, ки бештар фарзанд ба дунё оранд. Заноне ки 10 кудак ба дунё меоварданд, бо нишони тиллоии "Қаҳрамонмодар" сазовор мегаштанд ва барошон эҳтироми махсус мегузоштанд.

Аммо ҳоло касе ғами онҳоро намехурад ва парвое ҳам надорад, ки мемуранд ва ё мезиянд. Баракс ташвиқашон мекунанд камтар зоянд, то дарди сари давлат нашаванд.
Дигар ҳомиладор шудан барои занон дар ин ҷо хатарнок шудааст ва бонувон аз обистанӣ ва зоидан метарсанд.

ХУЛОСА

Аз вазъе ки модарон ва кудакони моро домангир аст, чи гуна мешавад берун рафт. Агар ҳолат чунин идома ёбад дар ояндаи наздик насл кам хоҳад шуд ва миллат рӯ ба нести хоҳад овард.

Чи гуна мешавад ҳукуматдоронро такон дод, ки ба худ оянду ба ояндаи миллат ва сарнавишти он андешанд, то дер нашавад? Зеро занон ва кудаконанд, ки миллатро давом медиҳанд ва месозанд.

16 August 2009

На харчи зиёд ва на ранчи зиёд

Ба пиндошти бисёре аз кадбонувон, имрузхо назар ба чанд сол пеш пухтани хурданихои бомазза ва рангоранг барои ахли хонавода хеле душвортар шудааст. Аз як су хуроки яксон зуд ба дили ахли оила мезанад ва ба рушди фарзандон ҳам кумак намекунад, аз суи дигар нарх дар бозор ончунон боло рафтааст, ки барои пухтани таъоми дилхох хамеша ин ё он мавод намерасад.

Чунин ҳол бонувони моро ба ҳангоми омода кардани ғизо барои азизонашон ба сардаргумй мебарад. Намедонанд, чи таъоме пазанд ва ё аз пухтани ғизоҳои якхелаву якрангу дилбазан безор шудаанд.

Дугонаам Рухшона мегуяд, сад бор назди яхдон меравад, дарашро боз мекунад, менигарад, мепушонад, аммо наметавонанд тасмиме гирад.

ТАЪОМИ ОСОНУ МУФИД

Барои кумак ба Рухшоначон ва ба хамаи бонувони азиз, ки дар чунин хол карор доранд, ман ба шумо пухтани хурокеро меомузонам, ки на харчи зиёд дорад ва на ранчи зиёд мехоҳад.

Хушхур, бомазза, фоидаовар аст ва намудаш ҳам зебост. Ҳатто барои дастархони меҳмондорй низ пазируфтанист.

Инак, ки фасли тобистон аст, маҳсулоти даркории ин ғизо ба ҳама дастрас аст. Чи дар бозор ва чи дар боғчаи назди ҳавлй.

Номи ин ғизо картошкаи (ё тавре хамзабонони мо мегуянд -- себи заминӣ) қоқак аст.

Маводи онро барои 4 нафар тахмин мекунам ва дар бараш салат ва ё хуриши дигаре. Омода кардани мавод 5 дақиқа вакт мегирад, чушондан 12 дақиқа ва пухтанаш аз 35-40 дақиқа.

МАВОДИ ЛОЗИМ

1 кг картошкаи нав бо пусташ
3-4 чумча равғани растани
2 чумча соуси хардал (горчиса), агар наёфтед, мешавад бо майонез иваз кард.
2 ё 3 шохчаи занчабил (розмарин)
намак ва мурч ба андозаи даркори

Занчабиле, ки ин чо номбурда шуд, на қаламфур аст. Ин рустании монанд ба райҳон аст, вале баргҳояш бориканд. Буяш аз буи райҳон дида каме тундтар.

Хуроки мазкурро мешавад дар танури барқй ва ё худи танури нонпазй пас аз пухтани нон дар лахчаҳои боқимондаи даруни он низ пухт.

ШЕВАИ ПУХТАН

Танури барқиро то ҳадди 200 дараҷаи С метафсонем. Картошкаро ба дегчае меандозем, ки оби хунуки намакин дорад. Об аз картошка бояд 1 см болотар бошад. Даҳони дегчаро мепушонем ва 12 дақиқа мечушонем.

Дар ин миён дар косае равған ва соуси хардалро ба ҳам омехта мекунем. Картошкаи пухтаро аз об берун меорем ва каме интизор мешавем то андаке сард шавад ва сипас бо ангуштонамон нимкафон (нимпора ва ё нимпалла) мекунем ва руи тобаи танури барқй мечинем (Нигаред ба акси 1).

Пасон ба картошкаҳои нимкафон соуси омодаро мемолем (Нигаред ба акси 2), мурч мепошем, руяш баргҳои занчабил мемонем ва даруни танури барқй мегузорем.

Дар 10 дақиқаи боқимонда дастаки аломатии турбаи барқиро ба руи аломати кабоб (грил) мебарем ва пас аз 10 дақиқа хоҳед дид, чи хуроки лазиз ва иштиҳооваре омодааст. Аз хурданаш ҳаловат мебаред. Ошатон шавад!

СУДМАНДИИ КАРТОШКА

Картошка ё себи заминӣ як сабзавоти хеле фоидабахш аст. Дар таркиби он сафеда зиёд аст ва фарқи сафедаи он аз набототи дигар дар ин аст, ки дар ин сафеда аминокислотахо зиёдтар буда, дар ҷисми инсон зуд хал мешавад.

Дар таркиби он хамчунин калий, тезоби аскорбин ва витамини С низ хаст. Хамеша бехтар аст, онро бо пусташ пазед, зеро дар холи пуст кандани он 40 дарсади сарватхои гизоияш нобуд мешавад.

08 August 2009

Давраи "гузор"-и занони Тоҷикистон


Ҳаёти имрӯзаи занони тоҷик низ монанди ҳаёти кишварашон ба як давраи гузор монанд аст. Онҳо дар аърофи байни таҷрибаи баробарҳуқуқии шӯравӣ аз як сӯ ва ғалабаи эҳтимолии арзишҳои анъанавӣ-миллӣ-исломӣ аз сӯи дигар қарор доранд.

Бинoбар ин метавон гуфт, ки ояндаи зани тоҷик вобаста ба он хоҳад буд, ки аз ҷомеъа то куҷо хоҳад тавонист, хубиҳои таҷрибаи гузаштаро ҳифз кунад ва ба зиёдаравӣ дар эҳёи суннатҳои кӯҳнаву гоҳе хурофотӣ роҳ надиҳад.

Дар ин маврид аз мушкилоти зиёд гузориш мешавад, вале мақомоти давлат ва бархе аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ вазъро мӯътадио ва ҳатто гоҳе мусбат арзёбӣ мекунанд. Аммо агар вазъи занон мусбат бошад, чаро теъдоди худкушии занон дар кишвар рӯ ба афзоиш дорад?

Сокини ноҳияи Вахш, Моҳшариф ба хабарнигори IWPR гуфтааст, аз чунин зиндагӣ маргро авло дониста, худро оташ задааст. Аммо ҳамсоягонаш ба кӯмак расида, ӯро ба бемористон бурдаанд. Моҳшариф аз онҳо норозист, ки наҷоташ доданд.

Мансабдорони Тоҷикистон мегӯянд, дар соли гузашта наздик ба 250 зан худкушӣ кардааст, лекин коршиносон бар инанд, ки шумора хеле болотар аст.

Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки зани тоҷик розист, худро бикушад, аммо сирри хонаашро ба берун набарорад. Бино бар ин мо ҳаргиз нахоҳем донист, амалан чӣ теъдоде аз занон мавриди зӯроварӣ, таҳқиру тавҳин ва беҳуқуқӣ қарор мегиранд. Занон дар сахттарин ҳолат ҳам сар хам мекунанд, зеро ҳаргиз намехоҳанд, хонавайрон шаванд.

Ба гуфтаи Орзу Ғаниева, раиси созмони "Гулрухсор", нақши "ғулом ва хидматгор"-ро бозидани занон дар оила низ ба хомӯшӣ ва итоъатпешагии онҳо мусоъидат мекунад. Дар ҳоле ки шавҳарони онҳо дар муҳоҷирати тӯлонианд, хешовандони шавҳар ба фармонравоён ва ситамгорони чунин занон мубаддал мешаванд ва алами бонувонро даҳчанд мегардонанд.

Вазъи сангини иҷтимоъӣ бонувони тоҷикро маҷбур мекунад, зани дувуму савуми мардони пулдор шаванд ва ба тақдир тан диҳанд. Ҳамзамон танфурӯшии занон ва қочоқи онҳо ба кишварҳои дигар бо мақсади фаҳшо ва истисмори ҷинсӣ бештару бештар мешавад.

Бар замми ин падидаи наве бо номи "муҳоҷирати кории занон" ба Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар низ на нишонаи вазъи мӯътадил асту на ба таҳкими нақши зан дар оила ва ҷомеа мадад мекунад.

Дар ҳамин ҳол бо қувват гирифтани нақши дин дар ҷомеа манъи ҳиҷоб ба як мавзӯъи баҳсу кашокаш табдил ёфтааст, ки таваҷҷӯҳро аз масъалаҳои ҳақиқӣ ва асосии марбут ба занон ба дигар сӯ мебарад.

Тарафҳо ончунин сахт бо ҳам вориди баҳсанд, ки гӯё агар ҳамин рӯз ба ҳиҷоб иҷозат дода шавад, ҳамаи мушкили зани тоҷик ҳал хоҳад шуд. Тарафи дигар фикр мекунад, бо манъ кардани ҳиҷоб метавонад, аз озодиҳои шахсии занон ҳимоят кунад.

Аммо натиҷаи феълӣ ин аст, ки ҳазорон нафар аз таҳсил дур мемонанд ва худнамоии ҳиҷобпӯшон як бахши занонро ба ислом мухолиф мекунад. Дар мавриди ҳиҷоб ҳама ба баҳс омодаанд ва фикру андешаи муайян доранд, вале дар масъалаи ҳифзи ҳаққи зан ва таъмини ҷойгоҳи арзандаи он дар ҷамъият гӯё касе гуфтание надорад.

Ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон як барномаи таъмини ҳуқуқи занонро омода ва қабул кардаанд, лекин фишангҳои татбиқи ин барнома, махсусан сармоягузориро ба иҷрои он таъмин накардаанд. Дар натиҷа ин барнома ба як шиори хушку холӣ монанд асту халос.

Пас оё ин давраи гузор ё гузариш зани тоҷикро ба куҷо хоҳад расонд? Ба дарёфти нақши воқеан баробар бо мард дар ҷомеа ва фаъолиятҳои густурда барои пешрафти кишвар ва ё ба кунҷи хона ва канори ҷоддаи пешрафт тела додани ӯ?

05 August 2009

Чаро ман ин сафхаро таъсис додам?


Дуруд ба ҳама, дуруд ба ҳар касе ки саре ба ин саҳифа мезанад.

Дерест, дар андешаи созмон додани як торнигоре будам, ки ба ҳаёти зан ва махсусан рузгору мушкилоти зани тоҷик пайванд дошта бошад.

Хеле ҳам талош кардам, ки ин фикрро аз сар дур кунам, аммо нашуд ва намешавад. Ҳама чо ва ҳар вақту бевақт ин хаёл бо ман аст ва таркам намекунад.

Гоҳо бо шавқ ба худ мегӯям фардо аз пасаш мешавам, аммо пас аз чанде лаҳзае аз ин қарор мегардам, зеро як ҳисси ваҳме маро фаро мегирад. Ваҳме, ки шояд бори вазнини ин тасмимро кашида натавонам.

Гоҳи дигар руйдодҳову ҳодисаҳои ҳаёти пурталотуми имрӯзӣ, ки аз сар гузарондам ва ноҳаққиву нобаробариҳои зиндагиро, ки тачриба кардаам таконам медиҳанд, ин тасмимро амалй кунам ва шояд андаке ҳам бошад ба бонувон, хоҳарон ва духтарон кӯмак кунад.

Ҳамин тавр пас аз дудилагиҳои зиёде ба хулосае омадам, ки ин тасмимро қатъй кунам.

Ҳаёти сертуғёни имрузй, пешрафту дигаргуниҳои босуръати он, пурпечутобию фарозу нишебҳояш аз мо касони имрӯзӣ талаб мекунад бо он баробар ҳаракат кунем, пеш равем, омӯзем ва хешро бо он мутобиқ созем. Аммо, афсӯс бисёрии мо, занон аз пешрафту дигаргуниҳои тези ин замона ва илму дониши он фарсахҳо дурем.

Аз таҳсил кардан ва ё аз омӯхтан бе насиб будаем ва ё дур мондаем ва роҳу равиши зиндагии имрӯзаро ба қадри даркорй намедонем. Наметавонем ҳаққу ҳуқуқи хешро талаб кунем. Ҳатто наметавонем барои паноҳ додани ҳаёти ки ба мо дода шудааст, талош кунем.

Агарчи мо худамон гирифтори ин ҳол ҳастем, кӯшиш намекунем, ки ин сарнавишт домангири духтарони мо набошад. Ҳол он ки ҳар духтаре ё зане аз донишу таҳсил бебаҳра монад, аз баробарй ва баробарҳуқуқй дар чомеа дур хоҳад монд.Чун дониш нест, ақлу фаросату фаҳмишу кӯшиш низ нест. Мегуянд, кишваре ки занони таҳсил кардаи хуб дорад, аз некӯаҳволи ва саодат бархӯрдор аст.

Ва дар ин саҳифа мо ба шумо доир ба чунин масъалаҳо, яъне таҳсил, ҳаққу ҳуқуқ, озодй, орзу, тандурусти, оила, ҳаққи интихоб ва маҳдудиятҳои зиндагии занон мегуем ва баҳс мекунем . Ҳамчунин аз фаъолияту муборизаҳои занони чаҳон ки барои ҳуқуқ , озодй ва беҳбуди зиндаги хеш ва дигарон мебаранд огоҳй хоҳед ёфт.

Бонувон дуст доранд дастархонашон ҳамеша аз хурокҳои гуногуни бомазза ороста шуда бошад ва ба ин хотир гушаеро низ омода кардаем, ки шуморо бо намунаи ғизоҳои рангоранг ошно мекунад. Ва аз додани маслиҳатҳои муфиду судманд низ даст нахоҳем кашид. Ин рубрикаро низ дар саҳифа хоҳем ғунчонд.

Албатта, барои расидан ба ҳамаи ин чизҳо ёрдам, ҳамроҳй ва дастгирии шумо даркор аст.Ва ин чидду чаҳд бо кумаки шумо амалй хоҳад шуд.

Салому дуруду паём ба модарон, хоҳарон ва ҳамтоён!


Маҳтоб агар наомад имшаб, то омадани шафақи субҳ интизор мемонам. Аммо на шафақи субҳи дуруғин. Эй дил, ки гумшудаи дар амвочи ишқи дуруғин пас о ки роҳи начотат нест. Маҳв хоҳй шуд.


Ба ҳангоми дамидани субҳ, бо омадани борону тундари сахти баҳори худованд маро ба дунё овард, мегуфтанд падару модари худобиёмурзам. Ҳарчанд фасли баҳор буду шафақи субҳ, вале достони зиндагии ман бо баҳори камрангу субҳи козиб саршудаву по ба роҳ аст. Дар рузгорам аз кудаки то ба ҳол ҳамеша бо сахтиву душвориҳо ва ғалту хезҳои вазнин ру ба ру будаам.

Дурй аз ватан, чудои аз азизону хонаи падари, таъми талхи меваҳои ғарибиву ғурбат, фиребу дуруғ, хиёнати муҳаббат, ноҳаққи ва пастии инсонҳои разил маро чанде водор ба дилшуию дастшуи аз инсонҳои атроф ва робита ба дунёи беруни кард. Ҳамеша дар худ фуру рафта будам ва бо дунёи сохтаи дарунии худ мезистам ва чонам саргардону ноором.

Солҳост дар Ғарб ба сар мебарам, аммо фарҳанги зиндагии ғарбиро натавонистам пазируфтан, чун сахт оғуштаи хислату хусусиятҳои ва арзишҳои ахлоқию суннатии точиконаам. Ва шояд, яке аз сабабҳои сахтии рузгори ман ҳамин буд.

Як зан ҳастам. Як модар. Як ҳамсар. Зани захми аз шаллоқҳои рузгор. Зани сархурда аз отифаю ишқ.. Зани таҳсил карда, чаҳондида, аз санчишҳои сахти рузгор гузашта , зани боиффат, пойбанди арзишҳои ахлоқии хонаводаги, содиқу вафодор.

Омадам бо шумо бошам, махсусан бо бонувон, бо дугонаҳо ва бо хоҳарон. Бо шумо гуяму шунавам, бо шумо андешаву баҳс кунам.

Дар бораи зан, сарнавишти зан, ҳаққи зан, озодии зан, зебоиву муҳаббати зан, баробариву нобаровариҳои зан ва чизҳои дигаре дар пайванд бо зан.

Кунчи узлат фаромушу кунаму тарфи чамани гуфтугуҳои шумо, маъвои дил.


Дуруд ба шумо! Хуш омадед ба ин саҳфадил ё дилсафҳа!