03 September 2009

Бояд омӯхт, то дар дарёи зиндагӣ ғарқ нашуд

Чанде пеш дар нишасте будам ва ҳангоми гуфтугую пурсишу посухҳо шармгинона ҳарф мезадам. Дугонаам Роберта, як зани мушаддади амеркоӣ мегуфт, чаро шумо бонувони тоҷик, ҳарчанд солҳои дароз дар Ғарб зиндаги мекунед, ҳангоми ҳарф задан ва ё сари гуфтаи худ пофишори кардан, шарм медореду хоксоред. Бовар кун ба ин рафтори фурӯтанона ба ҷое нахоҳед расид. Ман ба ту машварат медиҳам, ки гуфтаҳои Урсула Нуберро омӯзӣ, хеле ҳам ба дардат мехӯранд.

Ман андӯхтам ва ҳоло ба шумо ҳам тавсия медиҳам.

Урсула Нубер, равоншиноси олмонӣ ин вижагиҳоро барои занони сахту нирӯманд раво донистааст ва мегӯяд, агар занон хоҳанд комёб бошанд, бояд ин хусусиятҳоро омӯзанд.

Агар корнома ва саргузашти занони муваффақро варақ занем ва ё пажӯҳиш кунем, бовар хоҳем кард, ки даъвоҳои ӯ пурра дурустанд.

Хуб, ӯ чй пешниҳод мекунад? Якум бо худ ғурур кардан ва худхоҳ будан . Дувум, ҳақиқатеро пазируфтан, ки на ҳама меписанданд ва "не" гуфтанро омӯхтан. Сеюм, ба худ бо сабру тоқат будан ва мусолиҳа намудан.

Чорум, маъюс нашудан ва азоби виҷдон накашидан, аз коре ки дар андешааш будӣ ва натавонистӣ ба ҷо расонӣ. Беҳтараш андеша нек соз: "Ман кореро мекунам, ки дӯсташ дорам".

Панҷум, бозичаи дасти дигарон нашав. Шашум, ҳама чизро ба худ (ба шахсияти худ, ба ҳисоби худ) нагир. Назорати сахти даруниро бояд ба некӣ кор бурд, яъне ба чизҳо мусбат нигоҳ кард.

Ҳафтум, баён кардани андешаҳои хеш ва дифоъ намудан аз онҳоро бояд омӯхт. Ҳаштум, якбора ва барои ҳамеша бо афту андоми хеш созиш баст.

Ва нуҳум, аз барору комёбиҳо лаззат бурда тавонистан, бе нигоҳ ба ақиб ва тарс аз рӯзи оянда.

Пешниҳод ва қоидаҳои хуб ва пазируфтанӣ. Бархе аз он хосиятҳоро, ки на ба фоидаи кору зиндагист, дорем. Ба монанди, ба худ бо сабру тоқат будан ва мусолиҳа кардан, якбора ва барои ҳамеша бо афту андоми хеш созиш бастан, ҳақиқатпазир будан.

Аммо...! Аз бархи дигари ин вижагиҳо бараксашро соҳибем. Наметавонем ба худ фахр намоем ва худхоҳ бошем. Ҳақиқатпазир ҳастем, аммо касе хоҳише кунад, наметавонем "не" гӯем, ҳатто агар бар зарарамон ҳам бошад.

Босабру пуртоқатем ва пурбардор, ҳатто агар "аз сар занаду аз пой гузарад", лаб фурӯ бастаем. Азоб мекашем, ғамгин мешавем, агар ваъдаи худро ба ҷо наоварем. Бозичаи дасти дигаронем. Ҳама чизро ба худ (ба шахсияти худ, ба ҳисоби худ) мегирем. Ба чизҳои давру бар наметавонем, мусбат чашм андозем.

Аз баёни андешаи хеш метарсем ва фикри худро дифоъ кардан наметавонем. Доимо ба гузашта нигоҳ мекунем, нигарони оянда ҳастем ва аз лаҳзаҳои хушу хурсанди зиндагӣ, ба андозаи даркорӣ наметавонем ҳаловат бурд.

Ва ин хусусиятҳои манфиро на танҳо мо занон дорем, ҳатто мардони мо низ аз ин сифатҳои орӣ нестанд.

Ба гумонам, аз худ кардани ин вижагиҳо ба мо душвор аст. Зеро, тамоми умр моро бо панду андарзҳои ниёгонамон ба хоксорию фурӯтанӣ, худдорию аз худ даргузаштан, бо ҳаё сухан гуфтан дар баробари дигарон, эҳтиром ба калонсолон, мансабдорон, меҳмонон ва ношиносон фаро хондаанд. Ва ин ба гуфте, як комплекс шудааст, ки аз он берун шуданд кори муҳолест.

Аммо, агар мо хоҳем ки дар зиндаги як фарди муваффақ, пешрафта, соҳибҳуқуқ ва комил бошем, бояд худро маҷбур кунем, ин хусусиятҳоро омӯзем, ёд гирем, дар андешаи хеш ғунҷонем, то дар баробари ноҳаққиҳо ва сарзанишҳои рӯзгору одамонаш бо ғурур истем, худсар, худхоҳ бошем, то тавонем ҳаққу ҳуқуқи худро ситонем. Чун давру замон инро дархост мекунад. Агар наомӯхтем дар дарёи зиндагӣ ғарқ хоҳем шуд.

Бо худ ғурур кардан ва худхоҳ будан. Ин хоси мо нест. Мо ҳамеша хоксору худфидо дар назди дигарон ҳастем ва махсусан дар назди бегонагон. Ҳатто агар касе дар рубаруи мо истода аз мо чандин баробар дар донишу хирад ва хулқу атвор паст бошад ҳам, мо наметавонем ҳатто дар баробари ӯ мағруру худхоҳ бошем. Чун фарҳанги мо чунин иҷозате ба мо намедиҳад. Моро ҳамеша фурӯтанӣ, худфидоӣ, хоксорӣ омӯзондаанд.

Дугонаам Берта мегӯяд, ғалат омӯзондаанд.

8 comments:

D said...

Бештар бо Берто-бону мувофикам. Дар айни ин ки фикр мекунам эътидол ё миёнгини тилойи танхо рох ба суи шукуфоист. На ба он шурии шурй, на ба ин бенамакй.

Фараҳноз said...

Сипос аз таваҷҷӯҳ ва андешаҳои короятон Воқеан мавзӯи хуберо матраҳ мекунед.

Homayoun said...

ин духтар бисяор зибост.

Muhammed said...

salom
bonui man !

ghismate az navishtoratonro ki khondam ihsos kardam dar in matn ilova bar lahjai zeboi tojiki , bui lahjai ironi niz ba mashom merasid , oyo az manba'i ironi niz istifoda karded ?

Anonymous said...

Bo Betro komilan ham andesham !
To kay qulfi khamushi mezanem .
Tahmina

tashkent1975 said...
This comment has been removed by the author.
Anonymous said...

Charo digar namenavised?

Delam baroi navishtanhoyi shumo tang shud.

navisandayi weblogi: samarqand.malakut.org

Anonymous said...

Фараҳнози гиромӣ калимаҳои ғуруру худхоҳиро чандин маротиба таъкидан овардаанд. Ин суханҳоро ҳар кас ҳар гуна қабул мекунад.Беҳтар мебуд агар мегуфтед, ки қадри худро донем, қобилиятҳои арзишманди худро дарк намоем ва дар мавридаш аз нишон додани онҳо наҳаросем ва беҷо шарм надорем, ҷуръатманд бошему барои комёбии худ талошгар. Зеро ғуруру худхоҳиро на танҳо, мо балки дар ҳама ҷо мазаммат мекунад. Решаи бисёр фасодҳо дар худхоҳист, ба фикри ман.