30 August 2009

Модарон дигар қаҳрамон намешаванд


Дар Тоҷикистон дар ним соли гузашта 31 зан ҳангоми зоидан фавтидаанд. Онҳо мехостанд, ҳаёт ба дунё оварданд ва барои ин худ ба марг печиданд. Аз кӯдаконе, ки таваллуд шудаанд 1482 кӯдак яксола нашуда, аз олам чашм пушидаанд. Чаро?

Сабаби зиёд будани маргумири кӯдак ва модарро дар Тоҷикистон ҳаргуна шарҳ медиҳанд. Биёед, бо ҳам нигоҳе кунем.

1. КАМБУДИ КУМАКИ ТИББЙ

Набудани муоинаи дуруст, доруву дармон ва дастгоҳҳои зарурии табобатӣ. Кам будани пизишкон ва момодояҳои ҳирфаӣ. Дур будани маҳалҳои аҳолинишин аз дармонгоҳҳо, набудани духтурон ва момодояҳо, мошинҳои ёрии фаврӣ дар ноҳияҳои дурдаст.

Ба гуфтаи чонишини шуъбаи ҳифзи саломатии кӯдак ва рушди оилаи Вазорати тандурустии Точикистон Шерали Раҳматуллоев 18 дарсади занон аз хунрезии пас аз таваллуд мемиранд ва 34 дарсадашон аз бемориҳои новобаста ба обистанй ва таваллуд.

2. АЙБИ ХУДИ ЗАНОН

Баъзе аз коршиносон худи занонро сабабгори марги онҳо медонанд. Мегӯянд, бонувон вақте ҳомила ҳастанд, ба марказҳои тандурустӣ муроҷиат намекунанд ва зери назари табибон нестанд.

Занон ҳангоми бордорӣ ба чандин беморӣ мубтало мешаванд, вале табибон бехабар. Вақте зоидан мерасад пизишкон дар начоти чунин занон ва фарзандони онҳо оҷиз мемонанд.

3. МАБЛАҒ

Бозрасии пизишкӣ пули калоне дархост мекунад, ки шаҳрвандони оди надоранд.

Агар худо накунад, бемор шаведу гузоратон ба дармонгоҳ ғалтад ба ҳамаи чиз пардохт мекунед, аз рахти хоб сар кард то озмоишҳо, хизмати пизишкон, парасторон, таъмири шифохона ва ғайраҳо... ва ин чизҳо боис мешавад, ки занон аз пизишкон ва озмоишҳои табобати гурезанд ва дар хона зоянд.

Ва бисёри занон аз тарси харчи зиёд ва ё надоштани пул дар хона мезоянд, ки боиси ҳалокати худ ва кудакашон мешаванд.

4. ВАЗЪИ ИҶТИМОЙ

Сабаби асосии нишондодҳои баланди марги модарон ва кӯдакон сатҳи пасти саломатии занон аст, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии оила вобастагӣ дорад.

Занон гуруснагӣ мекашанд, ҳол он ки занони ҳомила бояд маҳсулоти пуркалорӣ -- гушт, тухм, шир ва ҳаргуна меваю сабзавот хуранд, то витаминҳои даркориро барои хеш ва рушди кудаки батнашон омода кунад, аммо имконияти одии хурдан дар хонаводаҳо нест. Аз ин рӯ кудакони вазнашон норасо ба дунё меоянд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 758 навзоди вазнаш норасо ба қайд гирифта шудааст. Вазни ҳар кудак аз 500 то 999 грамм, аз ин 402 кӯдак зинда таваллуд шуда, 356-тоаш мурда. Аз кӯдакони зинда таваллуд шуда ҳамагӣ 51 навзод дар қайди ҳаёт монданд. 40 дарсади кӯдакон аз хурдани ғизои носолим ва бештарашон аз бемориҳои сирояткунанда аз дунё чашм мепушанд.

5. БЕКАСӢ ВА БЕСОХИБЙ

Ҳоли ҳозир дар Точикистон ҳам кори хона ва ҳам кори саҳро ба души занон аст. Чун мардон барои ёфтани қути лоямут ба кишварҳои беруна рафтаанд.

Назкдик ба 70 дарсади бонувони ҳомила гирифтори ин ва ё он бемори ҳастанд, афсус, дар гирди зани ҳомила на ҳамеша одамоне ёфт мешаванд, ки тавонанд ба у ғамхори кунанд. Барои занон оромӣ ва фазои нарми руҳӣ ва нигоҳубин дар ҳангоми обистанӣ ё ҳомиладорӣ лозим аст, ки занон аз ин чизҳо маҳруманд.

6. АБОРТ (ФИГОНА, СИҚТИ ҶАНИН)

Дар Точикистон аз рӯи маълумоти расмӣ ҳарсола 20 ҳазор зан фигона мекунанд. Онҳо намехоҳанд, фарзанд ба дунё оранд, зеро аз сахтиҳои зиндагии имрузаи худ меҳаросанд.

Ҷарроҳии онҳо на ҳамеша дар фазо ва шароити муносиб ҷараён мегиранд. Ба замми ҳамаи ин боз худи пизишкон, аз саҳлангорӣ ва ё надонистани кори худ ба ҳангоми фигона сабаби марги занон мешаванд .

Худи як ҳодиса, ки бонуи тоҷик Файзигул Шариповаро обистан гуфта, ҷарроҳӣ кардаанду аммо вай ҳомила набудааст ва дар натиҷаи ҷарроҳй вай ба маъюб табдил ёфт, нишондиҳандаи сатҳи дониш ва муносибати пизишкон ба модарон аст.

Омори расмие ки ба мо гуяд чи қадари аз ин фигона ва ё сақти чанин номуваффақ ба анчом мерасад, нест. Ҳамчунин номаълум аст, ки бо сабаби надоштани пул чӣ теъдод аз занон кӯшиш мекунанд, пинҳонӣ дар назди афроди номутахассис аз ҳамли нохоҳам раҳо ёбанд.

20 СОЛ ПЕШ ЧЙ ГУНА БУД?

Пас аз ин ҳама ҳасрати даврони шуравӣ мехурам.
Ҳарчанд он рӯзгорон барои бонувони точик- модаронамон он қадар даврони хубу гулгулшукуфоне набуд, ба ҳар ҳол осоиш ва некӯаҳволие дошт, ки дар ин 14 соли истиқлолият гушаеро аз он барои бонувони мо натавонистанд, муҳайё кунанд.

Осоише, ки давлат ва назму низом вучуд дошт, сериву пуррӣ ва зиндагӣ ором буд, шавҳаронашон се чор зан надоштанд ва дар муҳоҷирати кори ҳам набуданд, оила сардори ғамхору парастор дошт ва фарзандон пушту паноҳ, яъне падар доштанд.

Баъдан ҳам занон аз имтиёзи зиёде бархурдор буданд, махсусан дар ба бор овардани кудакон ва рушди онҳо.

Зани ҳомилае ки кор мекард пас аз ҳафтмоҳагӣ ба рухсати мерафт ва баъд аз таваллуди кудак музди маоши думоҳааш пардохта мешуд ва то яксолагии кудакаш аз кор озод ва ба нигоҳубини кудакаш машғул буд.

Ёрдами тибби ройгон мегирифт ва худ ва кудакаш зери назари пизишк ва парастор буданд. Ба хонаводаҳои серфарзанд ба ҳар сари кӯдак пули иловагӣ дода мешуд ва маргу мири модару кӯдак ҳам андаке буд.

МОДАР ДИГАР ҚАҲРАМОН НЕСТ

Чи гуна натавонам ҳасрати рӯзгори пеш нахурам. Чун дар ун рузгор занон, модарони мо ба ҳар ҳол андаке ҳам бошад аз осоиш, оромӣ ва эҳтиром бархурдор буданд ва ташвиқ мешуданд, ки бештар фарзанд ба дунё оранд. Заноне ки 10 кудак ба дунё меоварданд, бо нишони тиллоии "Қаҳрамонмодар" сазовор мегаштанд ва барошон эҳтироми махсус мегузоштанд.

Аммо ҳоло касе ғами онҳоро намехурад ва парвое ҳам надорад, ки мемуранд ва ё мезиянд. Баракс ташвиқашон мекунанд камтар зоянд, то дарди сари давлат нашаванд.
Дигар ҳомиладор шудан барои занон дар ин ҷо хатарнок шудааст ва бонувон аз обистанӣ ва зоидан метарсанд.

ХУЛОСА

Аз вазъе ки модарон ва кудакони моро домангир аст, чи гуна мешавад берун рафт. Агар ҳолат чунин идома ёбад дар ояндаи наздик насл кам хоҳад шуд ва миллат рӯ ба нести хоҳад овард.

Чи гуна мешавад ҳукуматдоронро такон дод, ки ба худ оянду ба ояндаи миллат ва сарнавишти он андешанд, то дер нашавад? Зеро занон ва кудаконанд, ки миллатро давом медиҳанд ва месозанд.

1 comment:

Туфони ишк said...

Дуруд ба бону Фарахноз!
Бехтарин тадкик. Офарин, дасти Шумо дард накунад.
Бо иродат Набиюллохи Суннати.
http://nomaishq.blogspot.com/