05 August 2009

Чаро ман ин сафхаро таъсис додам?


Дуруд ба ҳама, дуруд ба ҳар касе ки саре ба ин саҳифа мезанад.

Дерест, дар андешаи созмон додани як торнигоре будам, ки ба ҳаёти зан ва махсусан рузгору мушкилоти зани тоҷик пайванд дошта бошад.

Хеле ҳам талош кардам, ки ин фикрро аз сар дур кунам, аммо нашуд ва намешавад. Ҳама чо ва ҳар вақту бевақт ин хаёл бо ман аст ва таркам намекунад.

Гоҳо бо шавқ ба худ мегӯям фардо аз пасаш мешавам, аммо пас аз чанде лаҳзае аз ин қарор мегардам, зеро як ҳисси ваҳме маро фаро мегирад. Ваҳме, ки шояд бори вазнини ин тасмимро кашида натавонам.

Гоҳи дигар руйдодҳову ҳодисаҳои ҳаёти пурталотуми имрӯзӣ, ки аз сар гузарондам ва ноҳаққиву нобаробариҳои зиндагиро, ки тачриба кардаам таконам медиҳанд, ин тасмимро амалй кунам ва шояд андаке ҳам бошад ба бонувон, хоҳарон ва духтарон кӯмак кунад.

Ҳамин тавр пас аз дудилагиҳои зиёде ба хулосае омадам, ки ин тасмимро қатъй кунам.

Ҳаёти сертуғёни имрузй, пешрафту дигаргуниҳои босуръати он, пурпечутобию фарозу нишебҳояш аз мо касони имрӯзӣ талаб мекунад бо он баробар ҳаракат кунем, пеш равем, омӯзем ва хешро бо он мутобиқ созем. Аммо, афсӯс бисёрии мо, занон аз пешрафту дигаргуниҳои тези ин замона ва илму дониши он фарсахҳо дурем.

Аз таҳсил кардан ва ё аз омӯхтан бе насиб будаем ва ё дур мондаем ва роҳу равиши зиндагии имрӯзаро ба қадри даркорй намедонем. Наметавонем ҳаққу ҳуқуқи хешро талаб кунем. Ҳатто наметавонем барои паноҳ додани ҳаёти ки ба мо дода шудааст, талош кунем.

Агарчи мо худамон гирифтори ин ҳол ҳастем, кӯшиш намекунем, ки ин сарнавишт домангири духтарони мо набошад. Ҳол он ки ҳар духтаре ё зане аз донишу таҳсил бебаҳра монад, аз баробарй ва баробарҳуқуқй дар чомеа дур хоҳад монд.Чун дониш нест, ақлу фаросату фаҳмишу кӯшиш низ нест. Мегуянд, кишваре ки занони таҳсил кардаи хуб дорад, аз некӯаҳволи ва саодат бархӯрдор аст.

Ва дар ин саҳифа мо ба шумо доир ба чунин масъалаҳо, яъне таҳсил, ҳаққу ҳуқуқ, озодй, орзу, тандурусти, оила, ҳаққи интихоб ва маҳдудиятҳои зиндагии занон мегуем ва баҳс мекунем . Ҳамчунин аз фаъолияту муборизаҳои занони чаҳон ки барои ҳуқуқ , озодй ва беҳбуди зиндаги хеш ва дигарон мебаранд огоҳй хоҳед ёфт.

Бонувон дуст доранд дастархонашон ҳамеша аз хурокҳои гуногуни бомазза ороста шуда бошад ва ба ин хотир гушаеро низ омода кардаем, ки шуморо бо намунаи ғизоҳои рангоранг ошно мекунад. Ва аз додани маслиҳатҳои муфиду судманд низ даст нахоҳем кашид. Ин рубрикаро низ дар саҳифа хоҳем ғунчонд.

Албатта, барои расидан ба ҳамаи ин чизҳо ёрдам, ҳамроҳй ва дастгирии шумо даркор аст.Ва ин чидду чаҳд бо кумаки шумо амалй хоҳад шуд.

4 comments:

D said...

Фарахнози гиромй,

Намедонед, ки аз дидани ин торнигор чи кадр хурсанд шудам, чун вокеъан дар торнигористони точик чои он то кунун холй буд. Бароятон бехтаринхоро орзумандам ва мутмаиннам, ки базудй дар чомеъаи шахрвандии Точикистон ба торнигори матрахе табдил хохед шуд.

Бо арч,
Як Дарвеш

Shamsi said...

Shumovo, armanho vo arzohayatonra dar tarnigaristan khosh amadid migooyam, Farahnaz!

P.S Motmainam safhae ke gharar ast marboote be ghaza tahiya konid baraye barkhi mardha ham jalib khahad bood, va bezar tashvigh shavando safe oonha ham bishtar shavad :)

movaffagh
SQ

Фараҳноз said...

Як Дарвеши азиз.

Ташаккур аз пуштибонй ва суханони рухбаландкунандаатон. Банда аз хонандагони доимии торнигори Як Дарвеш ва хамчунин Андеша, Торнигори Салими Аюбзод, Мардикорнома, Ойина ва дигархо хастам ва орзу доштам, садои бонувони точик бо садои шумохо, ки дар гами миллат хастед, хамрох шавад. Валлох, чи гуям, комёбии ин торнигор ба кумаки хамагон вобастааст ва чунин кумакро аз шумо низ интизор дорам. Хуш бошед.

Фараҳноз said...

Шамсии азиз,

Сипосгузорам аз лутфатон. Пешниходатон хам чолиб аст. Орзу дорам, кучактарин коре на танхо барои бонувони кишвар, балки барои хамаи мардуми он карда битавонам. Бо мадади Худо ва хамдастии шумо, албатта. Шоду пируз бошед.