08 August 2009

Давраи "гузор"-и занони Тоҷикистон


Ҳаёти имрӯзаи занони тоҷик низ монанди ҳаёти кишварашон ба як давраи гузор монанд аст. Онҳо дар аърофи байни таҷрибаи баробарҳуқуқии шӯравӣ аз як сӯ ва ғалабаи эҳтимолии арзишҳои анъанавӣ-миллӣ-исломӣ аз сӯи дигар қарор доранд.

Бинoбар ин метавон гуфт, ки ояндаи зани тоҷик вобаста ба он хоҳад буд, ки аз ҷомеъа то куҷо хоҳад тавонист, хубиҳои таҷрибаи гузаштаро ҳифз кунад ва ба зиёдаравӣ дар эҳёи суннатҳои кӯҳнаву гоҳе хурофотӣ роҳ надиҳад.

Дар ин маврид аз мушкилоти зиёд гузориш мешавад, вале мақомоти давлат ва бархе аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ вазъро мӯътадио ва ҳатто гоҳе мусбат арзёбӣ мекунанд. Аммо агар вазъи занон мусбат бошад, чаро теъдоди худкушии занон дар кишвар рӯ ба афзоиш дорад?

Сокини ноҳияи Вахш, Моҳшариф ба хабарнигори IWPR гуфтааст, аз чунин зиндагӣ маргро авло дониста, худро оташ задааст. Аммо ҳамсоягонаш ба кӯмак расида, ӯро ба бемористон бурдаанд. Моҳшариф аз онҳо норозист, ки наҷоташ доданд.

Мансабдорони Тоҷикистон мегӯянд, дар соли гузашта наздик ба 250 зан худкушӣ кардааст, лекин коршиносон бар инанд, ки шумора хеле болотар аст.

Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки зани тоҷик розист, худро бикушад, аммо сирри хонаашро ба берун набарорад. Бино бар ин мо ҳаргиз нахоҳем донист, амалан чӣ теъдоде аз занон мавриди зӯроварӣ, таҳқиру тавҳин ва беҳуқуқӣ қарор мегиранд. Занон дар сахттарин ҳолат ҳам сар хам мекунанд, зеро ҳаргиз намехоҳанд, хонавайрон шаванд.

Ба гуфтаи Орзу Ғаниева, раиси созмони "Гулрухсор", нақши "ғулом ва хидматгор"-ро бозидани занон дар оила низ ба хомӯшӣ ва итоъатпешагии онҳо мусоъидат мекунад. Дар ҳоле ки шавҳарони онҳо дар муҳоҷирати тӯлонианд, хешовандони шавҳар ба фармонравоён ва ситамгорони чунин занон мубаддал мешаванд ва алами бонувонро даҳчанд мегардонанд.

Вазъи сангини иҷтимоъӣ бонувони тоҷикро маҷбур мекунад, зани дувуму савуми мардони пулдор шаванд ва ба тақдир тан диҳанд. Ҳамзамон танфурӯшии занон ва қочоқи онҳо ба кишварҳои дигар бо мақсади фаҳшо ва истисмори ҷинсӣ бештару бештар мешавад.

Бар замми ин падидаи наве бо номи "муҳоҷирати кории занон" ба Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар низ на нишонаи вазъи мӯътадил асту на ба таҳкими нақши зан дар оила ва ҷомеа мадад мекунад.

Дар ҳамин ҳол бо қувват гирифтани нақши дин дар ҷомеа манъи ҳиҷоб ба як мавзӯъи баҳсу кашокаш табдил ёфтааст, ки таваҷҷӯҳро аз масъалаҳои ҳақиқӣ ва асосии марбут ба занон ба дигар сӯ мебарад.

Тарафҳо ончунин сахт бо ҳам вориди баҳсанд, ки гӯё агар ҳамин рӯз ба ҳиҷоб иҷозат дода шавад, ҳамаи мушкили зани тоҷик ҳал хоҳад шуд. Тарафи дигар фикр мекунад, бо манъ кардани ҳиҷоб метавонад, аз озодиҳои шахсии занон ҳимоят кунад.

Аммо натиҷаи феълӣ ин аст, ки ҳазорон нафар аз таҳсил дур мемонанд ва худнамоии ҳиҷобпӯшон як бахши занонро ба ислом мухолиф мекунад. Дар мавриди ҳиҷоб ҳама ба баҳс омодаанд ва фикру андешаи муайян доранд, вале дар масъалаи ҳифзи ҳаққи зан ва таъмини ҷойгоҳи арзандаи он дар ҷамъият гӯё касе гуфтание надорад.

Ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон як барномаи таъмини ҳуқуқи занонро омода ва қабул кардаанд, лекин фишангҳои татбиқи ин барнома, махсусан сармоягузориро ба иҷрои он таъмин накардаанд. Дар натиҷа ин барнома ба як шиори хушку холӣ монанд асту халос.

Пас оё ин давраи гузор ё гузариш зани тоҷикро ба куҷо хоҳад расонд? Ба дарёфти нақши воқеан баробар бо мард дар ҷомеа ва фаъолиятҳои густурда барои пешрафти кишвар ва ё ба кунҷи хона ва канори ҷоддаи пешрафт тела додани ӯ?

1 comment:

Anonymous said...

Farahnoz Bonu,

Ba shoma barori kor mekhoham.